- ниҳон
- [نهان]пӯшида, пинҳон, нуҳуфта; дар ниҳон ниҳонӣ, пинҳонӣ; дар ошкоро ва ниҳон рӯирост ва пинҳонӣ; рози ниҳон сирри махфӣ; ниҳон гаштан(шудан) пинҳон шудан, аз назар нопадид гаштан; ниҳон доштан пӯшида нигоҳ доштан, пинҳон кардан; ниҳон кардан пинҳон кардан, махфӣ нигоҳ доштан; ниҳон мондан пӯшида мондан, ошкоро ва фош нашудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.